ҚОНУНИ КОНСТИТУСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 7, мод. 653)
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)
(Қонуни конст. ҶТ аз 2.01.2018 № 1493)
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои шароити махсуси ҷуғрофӣ, арзишҳои нодири фарҳангӣ, маънавӣ ва забонӣ мебошад. Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро танзим менамояд .
БОБИ 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири аст.
2. Вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд .
Моддаи 2. Тартиби ҳалли масъалаи воҳидҳои маъмурию ҳудудии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
1. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз шаҳри Хоруғ, ноҳия, шаҳрак ва деҳот иборат аст. Маркази маъмурии он шаҳри Хоруғ мебошад.
2. Ҳудуди вилоят бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйир дода намешавад.
...