Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 № 226 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №12, мод. 697) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 6:

- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Субъектҳои бар зидди экстремизм муборизабаранда мақомоти давлатии зерин мебошанд:

- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.";

- дар қисми сеюм калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 7:

- дар қисми якум:

калимаҳои "Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- бандҳои "в" ва "г" бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"в) пешгирии гузаронидани ғайриқонунии маводи экстремистӣ аз Сарҳади давлатӣ ва ҳамчунин яроқ, лавозимоти ҳарбӣ, моддаҳои тарканда, заҳрдор ва радиоактивие, ки дар фаъолияти экстремистӣ истифода мегарданд;

г) ошкоркунӣ ва пешгирии кӯшишҳои экстремистон барои убур аз Сарҳади давлатӣ;";

- бандҳои "в", "г", "д" ва "е" мувофиқан бандҳои "д", "е", "ё" ва "ж" ҳисобида шаванд;

- дар қисми чорум калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- қисми шашум хориҷ карда шавад.

3. Дар қисми дуюми моддаи 8 калимаҳои "мақомоти амнияти давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва (ё) субъектҳои мубориза" ба калимаҳои "мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ ва (ё) дигар субъектҳои мубориза" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми сеюми моддаи 9 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (Ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

5 марти соли 2007 № 226

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев

ш. Душанбе 

10 январи соли 2007 № 444

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш. Душанбе 

22 феврали соли 2007 № 268

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 8 декабря 2003 года "О борьбе с экстремизмом" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 год, №12, ст. 697) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 6:

- часть вторую изложить в следующей редакции:

"Субъектами, осуществляющими борьбу с экстремизмом, являются следующие государственные органы:

- Государственный комитет по национальной безопасности Республики Таджикистан;

- Министерство внутренних дел Республики Таджикистан;

- Министерство иностранных дел Республики Таджикистан;

- Министерство юстиции Республики Таджикистан;

- Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан.";

- в части третьей слова "органы исполнительной власти на местах (Хукуматы)" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти".

2. В статье 7:

- в части первой:

слова "Министерство безопасности Республики Таджикистан" заменить словами "Государственный комитет по национальной безопасности Республики Таджикистан";

- дополнить пунктами "в" и "г" следующего содержания:

"в) пресечения незаконного перемещения через Государственную границу экстремистских материалов, а также оружия, боеприпасов, взрывчатых, отравляющих и радиоактивных веществ, которые могут быть использованы в экстремистской деятельности;

г) выявления и предупреждения попыток пересечения Государственной границы экстремистами;";

- пункты "в", "г", "д" и "е" соответственно считать пунктами "д", "е", "ё" и "ж";

- в части четвертой слова "Министерство по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан" заменить словами "Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан";

- часть шестую исключить.

3. В части второй статьи 8 слова "органы государственной безопасности, органы внутренних дел и (или) субъекты борьбы" заменить словами "органы национальной безопасности, внутренних дел и (или) другие субъекты борьбы".

4. В части третьей статьи 9 слова "органы исполнительной власти на местах (Хукуматы)" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                 Э. Рахмонов

г. Душанбе,

5 марта 2007 года №226

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАНО

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикиста                                       С. Хайруллоев

г. Душанбе,10 января 2007 года № 444

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О борьбе с экстремизмом".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан                                      М.Убайдуллоев

г.Душанбе, 22 февраля 2007 года №268